Додгоҳ амр дод, Абдумалик Қодиров ба кораш баргардад. "Интернюс" вокуниш кард
     TJ RU EN
07:24 / 2024-11-16

Додгоҳ амр дод, Абдумалик Қодиров ба кораш баргардад. "Интернюс" вокуниш кард

Созмони "Интернюс" ба қарори Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе барои дар вазифаи пешинааш барқарор кардани Абдумалик Қодиров вокуниш кард.

Қодиров то ҳафт моҳ пеш мудири дафтари “Интернюс” дар Тоҷикистон буд. Иддао дорад, ки ӯро “беасос аз вазифа барканор кардаанд". Намояндагони "Интернюс" мегӯянд, ки “Қодиров барканор ё аз вазифа озод нашуда, балки муҳлати қарордоди корияш дароз нашудааст".

Қарори Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ 19-уми ноябр содир шуд. Додгоҳ ҳамчунин "Интернюс"-ро вазифадор кард, ки музди меҳнати Қодировро аз моҳи апрел то ноябри соли 2020 ва низ хароҷоти марбут ба мурофиаро ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ пардохт кунад.

Созмони “Интернюс” дар баёнияи расмӣ рӯзи 20-уми ноябр гуфт, ба қарори додгоҳ эҳтиром мегузоранд ва тасмими ниҳоӣ баъд аз дарёфти қарори расмӣ гирифта мешавад. "Заминаи дурусти ҳуқуқӣ барои барқарор накардани шартнома бо Абдумалик вуҷуд дошт ва мо идома надодани шартномаро дуруст мешуморем", -- гуфта шудааст дар изҳороти созмон.

Ба қавли маъсулонаш, ин як баҳси меҳнатӣ буд, ки дар он Абдулмалик Қодиров дар заминаи қонунӣ барои дароз накардани шартномаи фаъолияташ дар созмон баҳс мекард. "Қарори барқарор накардани шартнома дар дафтари марказии ташкилот қабул карда шуд ва роҳбарият барои ин сабабҳои муайян дошт", - омадааст дар хабарнома.

Аммо дар иттилоияи "Интернюс" "сабабҳои муайян"-и тамдид нашудани шартномаи корӣ бо Абдулмалик Қодиров шарҳ дода нашудааст.

Хабарномаи "Интернюс" ҳамчунин мегӯяд, "новобаста аз он ки Абдулмалик Қодиров дар вазифаи расмии раҳбари барқарор мешавад ё не, ӯ ба тарҳҳои "Интернюс" дар Тоҷикистон, ки аз сӯи сармоягузорони хориҷӣ маблағгузорӣ мешавад, рабт нахоҳад дошт."

Абдумалик Қодиров рӯзи 19-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, баррасии шикояти ӯ дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор шуд ва "додгоҳ қарор кард, ки бояд ба вазифаи пешини худ барқарор карда шавам.”

Абдумалик Қодировро ҳафт моҳ пеш аз вазифаи роҳбари намояндагии созмони “Интернюс” дар Тоҷикистон гирифтанд. Баъд аз ин, ӯ ба додгоҳ шикоят бурд.

Абдумалик Қодиров яке аз коршиносони тоҷик аст, ки пайваста дар бораи вазъи сиёсӣ ва масоили вобаста ба озодии баёну матбуот назар медиҳад. Ӯ дар гузашта дар сафорати Амрико ва намояндагии пажӯҳишгоҳи инъикоси ҷанг ва сулҳи Бритониё дар Душанбе кор кардааст.

"Интернюс", ки як муассисаи байналмилалии ғайридавлатӣ аст, аз солҳои 90-ум дар Тоҷикистон ба кор оғоз кард ва барои рушду матбуоти мустақил, таъмини онҳо бо дастгоҳҳои нав ва боло бурдани таҷрибаву маҳорати хабарнигорони тоҷик кумак мерасонад. Мусоидат ба рушду такомули қонунгузории матбуот бахши дигаре аз кори "Интернюс" аст.

https://www.ozodi.org/a/30961008.html


Инҳоро бояд шинохт

  • Сайфуллоҳ Маҳкамов


  • Тақвим

    << < Декабрь 2019 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
                1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31          
     
    Пайвандҳои лозима